Қабули нусхаи эътимодномаи сафири Шри-Ланка

15.04.2026 17:26

15 апрели соли 2026 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноӣ Бойзода сафири фавқулода ва мухтори навтаъйини Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарордгоҳ дар ш. Исломобод) Фред Сеневиратнеро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Шри Ланка, аз ҷумла, дар самти сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба сафири нави Шри Ланка дар фаъолияти минбаъдаи дипломатиаш дар Тоҷикистон барору комёбиҳо орзу намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим