Брифинг доир ба раванди омодагӣ ба Конфронси чоруми оби Душанбе дар Амороти Муттаҳидаи Араб

19.05.2026 12:05

18 майи 2026 дар шаҳри Абу Забӣ бо ташаббуси муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Амороти Муттаҳидаи Араб брифинги матбуотӣ доир ба рафти омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (ш.Душанбе, 25-28 майи 2026) ташкил гардид.

Дар брифинг намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ, аз қабили шабакаи телевизионии “Abu Dhabi TV”, нашрияҳои “Al Ittihad”, “Al Bayan”, “Gulf News”, “The National”, Агентии миллии иттилоотии “WAM News”, инчунин коршиносони ниҳодҳои тахассусии СММ дар Аморот ширкат варзиданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

 

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим