Баргузории семинар дар Миср оид ба Конфронси оби Тоҷикистон

19.05.2026 17:20

18 майи соли 2026 дар шаҳри Қоҳира бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Маркази пажӯҳишҳои сиёсӣ ва расонаии “Ҳивор” (Гуфтугӯ) семинари байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ва Конфронси чоруми об” бо иштироки ҷамъи зиёде аз намояндагони расонаҳои мисрӣ, ниҳодҳои иқтисодӣ, обу иқлим ва муҳити зисти кишвари иқомат баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода зимни суханронии худ ҳадафҳои асосии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (ш.Душанбе, 25-28 майи 2026)-ро шарҳ дод ва аз расонаҳо ва коршиносони мирсӣ даъват намуд, ки дар инъикоси чорабинии мазкур фаъол бошанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим