20 майи соли 2026 дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Фаридун Синирлиоғлу баргузор гардид. Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА, инчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ, таҳкими марзҳо, муқовимат бо таҳдидҳои муосир ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавиро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба барномаҳои муштарак дар самтҳои таъмини субот, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, амнияти киберӣ ва дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ зоҳир гардид. Вазир аҳаммияти ҳамкории амалиро бо САҲА таъкид намуда, ба густариши минбаъдаи он дар самтҳои афзалиятноки мавриди таваҷҷуҳи муштарак мароқ зоҳир намуданд.
Дабири кулли САҲА саҳми Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа баланд арзёбӣ намуда, омодагии созмонро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва татбиқи ташаббусҳои муштарак таъйид кард. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот ҷонибҳо пойбандии худро ба рушди шарикӣ ва ҳифзи тамосҳои мунтазам дар сатҳҳои гуногун таъкид намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan