
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд
Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби атташе – 2919,00 сомонӣ;
Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби сеюм – 2919,00 сомонӣ;
Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби дуюм – 3225,00 сомонӣ;
ДИҚҚАТ!!!
ДАР ОЗМУНИ МАЗКУР ТАНҲО ДОВТАЛАБОНЕ ИШТИРОК КАРДА МЕТАВОНАНД, КИ ДОРОИ СОБИҚАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НА КАМ АЗ 2 СОЛ ВА Ё СОБИҚАИ УМУМИИ МЕҲНАТИИ НА КАМ АЗ 3 СОЛРО ДОРАНД.
БА МУТАХАССИСОНИ СОҲАҲОИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГ ВА БОСТОНШИНОС, КИ ДОНАНДАИ ХУБИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ МЕБОШАНД, АФЗАЛИЯТ ДОДА МЕШАВАД.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои
котиби сеюм ва атташе
Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли
мансаби котиби дуюм
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
- донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
- маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.
Талаботи иловагӣ нисбати ҳамаи довталабон
Рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозима барои иштирок дар озмун
1. Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи вазири корҳои хориҷӣ;
2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
4. 2 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5;
5. Нусхаи шаҳодатномаи таваллуд;
6. Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;
7. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
8. Асл ва ё нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (бо нишон додани собиқаи меҳнатӣ);
9. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
10. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
11. Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
12. Тавсифнома аз ҷойи кор;
13. Маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
14. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
15. Нусхаи билети ҳарбӣ (шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанд, маълумотнома аз комиссариати ҳарбӣ дар хусуси дар қайд будан);
16. Гувоҳинома (сертификат) дар бораи донистани забони хориҷӣ;
17. Парванда (папкафайл, дело).
Эзоҳ:
Довталабоне, ки забони давлатӣ, русӣ ва яке аз забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд намедонанд ва бастаи ҳуҷҷатҳоро пурра пешниҳод намекунанд, ба озмун роҳ дода намешаванд.
Ҳуҷҷатҳо аз санаи 29 май то санаи 29 июни соли 2026 қабул карда мешаванд.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Шероз 33
Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ:
221-15-61, 221-15-16, 227-54-56