9 июни соли 2026 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Тошканд) Гиртс Яунземсро қабул кард.
Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Латвия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ сафири Латвияро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ таманно намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan