19 июни соли 2026 дар ҳошияи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Мака Бочоришвилӣ доир гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, таваҷҷуҳи махсус ба дурнамои муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин перомуни мавзуъҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ба вежа СММ ва ниҳодҳои соҳавии он изҳори омодагӣ намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстиву ҳусни тафоҳум баргузор шуда, азми ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон тасдиқ гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan
Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj