Равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ санаи 19 декабри соли 1995 барқарор гардид. 17 марти соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ таъсис дода шуд. 20 апрели соли 2010 Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аввалин Сафири ғайримуқими худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Остона (ҳоло Нур-Султон) таъйин намуд.
8 октябри соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ таъсис дода шуд ва фаъолияти худро аз аввали соли 2011 оғоз намуд.
Нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ соли 1995 бо даъвати асосгузори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Шайх Зойид бин Султон Оли Наҳён анҷом ёфт. Дар ҷараёни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва асосгузори ин давлат Шайх Зойид бин Султон Оли Наҳаён, Ноиби Раиси давлат, нахуствазири Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, ҳокими Дубай Шайх Мактум Оли Мактум ва дигар шахсони баландпояи кишвар мулоқоту сӯҳбатҳо доир намуд.
Таҳлили рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону АМА нишон медиҳад, ки аз соли 2016, яъне пас аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМА муносибатҳои судманди дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф тобишу такони тоза ёфтанд. Маҳз аз соли 2016 ба ин сӯ ҳайатҳои баландпояи АМА дар сатҳи Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии АМА Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён, Вазири энергетика ва саноати АМА Суҳайл ал-Мазрӯӣ, Вазири иқтисоди АМА Султон ал-Мансурӣ ба Тоҷикистон сафарҳои расмию корӣ анҷом доданд.
Айни ҳол заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабиро 20 санади байнидавлатию ҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад. Ғайр ин ин, дар баррасии ҷонибҳо лоиҳаҳои нави созишномаҳо/ёддоштҳои тафоҳум дар соҳаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ, ҳимояи сармоягузорӣ, пешгирӣ аз андозбандии дукарата, робитаи ҳавоӣ, фарҳанг, тандурустӣ ва мудофиа қарор доранд. Мувофиқа ва имзошавии онҳо дар ояндаи наздик имконият медиҳад то ҳамкориҳои дуҷониба бештар тавсеа ёбанд.
Яке аз ниҳоди муассир ва муҳим дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабm Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону АМА оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ маҳсуб меёбад. Аз соли 2014 то имрӯз чаҳор ҷаласаи байниҳукуматӣ (майи соли 2014 дар ш. Абу Забӣ, апрели соли 2016 дар ш. Душанбе, декабри соли 2017 дар Абу Забӣ ва 29 июли соли 2021 дар шакли маҷозӣ) доир гардид.
Ҷиҳати пайгирии доимии масъалаҳои дуҷониба дар асоси мувофиқаи тарафайн абзори гузаронидани машваратҳои сиёсӣ ва машваратҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб таъсис дода шуд. Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба аввалин ҷаласаи машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи муовинони вазири корҳои хориҷӣ моҳи марти соли 2017 дар ш. Душанбе ва аввалин ҷаласаи машваратҳои консулӣ моҳи октябри соли 2017 дар ш. Душанбе баргузор гардиданд. Машваратҳои барпошуда самаранок ва натиҷабахш буданшонро слбит намуда, баёнгари сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ ва эътимоди байни ду кишвар мебошад.
Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя дар сатҳи хуб қарор дошта, иқтидору имкониятҳои бузург то ҳол татбиқ нагардидаанд. Табодули мол миёни ду кишвари дӯст дар соли 2017 ба 50,8 миллион доллари амрикоӣ, соли 2018 ба 70,2 миллион доллари амрикоӣ, соли 2019 ба 61,5 миллион доллари амрикоӣ ва соли 2020 ба 92.2 миллион доллари амрикоӣ баробар буд. Ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҷалби сармояи аморотӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон идома дошта, заминаи мусоид, инчунин фазои сармоягузории солим фароҳам оварда шудааст.
Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ низ дар ҳоли рушд қарор дошта, санаи 25 феврали соли 2021 нахустин машваратҳои байнипарлумонӣ дар шакли маҷозӣ миёни аъзоёни Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкории густурдаро дар самти илму маориф ба роҳ монда, даҳҳо нафар донишҷӯёни тоҷик дар асоси бурсияҳои ҷудошуда ва мустақиман дар муассисаҳои таҳсилоти олии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ таҳсил менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муаррифии фарҳанги ғании мардуми тамаддунофари тоҷик ҳамасола шурӯъ аз соли 2016 бо даъвати ҷониби аморотӣ дар фестивалу намоишгоҳҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Фестивали мероси Шайх Зойид ва Фестивали мероси Шориқа иштирок менамояд.