
11 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Каландар бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон, инчунин масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобиларо баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин густариши робитаҳои гуманитарӣ ва мубодилаи байни мардумон зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, аҳаммияти идомаи ҳамкориҳои зич миёни Тоҷикистон ва Ҷопонро таъкид карданд.
Дар заминаи рушди минбаъдаи ҳамкорӣ аҳаммияти Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ва татбиқи амалии тавофуқоти бадастомада, ки ба таҳкими шарикии мутақобилан судманд равона шудаанд, таъкид гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan
Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj