Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон

11.08.2026 17:44

       11 августи соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфияро ба ҳузур пазируфт.

       Зимни вохӯрӣ роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Ҷопон изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятнок, инчунин ҳамкорӣ дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» зоҳир гардид.

      Хоссатан аҳаммияти иҷрои тавофуқоте, ки роҳбарони давлатҳо дар доираи Саммити «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ба даст овардаанд, инчунин татбиқи амалии онҳо бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон таъкид гардид.

       Дар фарҷоми вохӯрӣ маросими имзои санадҳои муштарак, аз ҷумла мубодилаи ёддоштҳо оид ба лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)” ва   зеристгоҳи низоми интиқоли барқи  Душанбе баргузор гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Мо дар Youtubehttps://www.youtube.com/@mfa_tj

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим