
28 августи соли 2026 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинги ҷамъбастии коршиноси мустақили Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсири қарзи беруна ва дигар уҳдадориҳои байналмилалии молиявии давлатҳо ба татбиқи ҳуқуқҳои инсон, бахусус ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хонум Аттия Варис дар хусуси муаррифии натиҷаҳои пешакии сафараш ба Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро аз ҷониби Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷӣ Идибек Қаландар ҳамраисӣ намуд.
Дар рафти нишасти матбуотӣ намояндагони мақомоти марбутаи кишвар иштирок карданд. А. Варис мушоҳидаҳои пешакии худро аз натиҷаи сафар ва баргузории мулоқотҳои расмӣ бо мақомоти давлатии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk