Боздиди муовини вазири корҳои хориҷӣ аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

04.09.2026 19:31

4 сентябри соли 2026 дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода бо ҳайати шахсии яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Зимни суханронӣ нақши созанда ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавию амниятии кишвар таъкид гардид.

Қайд шуд, ки сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат барои таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди кишвар нақши муҳим дорад.

Дар идома таъкид гардид, ки ҳифзи сарҳади давлатӣ рисолати пуршараф ва масъулияти бузурги ватандӯстона буда, садоқат ба савганди ҳарбӣ, интизом, ҳушёрӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии миллӣ бояд меҳвари хизмати ҳар як сарбоз бошад.

Ҳамзамон, робитаи ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ бо сиёсати хориҷии кишвар таъкид гардида, саҳми хизматчиёни сарҳадӣ дар ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ шуд.

Дар фарҷоми мулоқот, бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ маҳсулоти хӯрокворӣ, маводи гигиенӣ ва дигар ашёи зарурӣ ҳамчун нишонаи ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи падаронаи Пешвои миллат тақдим гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим