Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лондон

07.09.2026 13:33

 

4 сентябри соли 2026 дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироии расмӣ баргузор гардид. Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин намоишгоҳи маҳсулоти ватанӣ ва гушаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Дар ин чорабинии бошукуҳ намояндагони аршади Ҳукумати Подшоҳии Муттаҳида, Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушд, вакилону лордҳо, намояндагони вазорату идораҳои гуногуни кишвари иқомат, аъзои корпуси дипломатии муқими Лондон, намояндагони бахши хусусӣ, расонаҳои хабарӣ, муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва ҳамватанони муқими Подшоҳии Муттаҳида ҳузур доштанд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳида муҳтарам Рухшона Эмомалӣ зимни суханронии табрикотии худ ба аҳаммияти таърихию сиёсии Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои назарраси Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ҳамзамон, ӯ аз мавқеи рузафзуни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуда, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро таъкид кард.

Пас аз анҷоми бахши расмии чорабинӣ, сарояндаи хушсалиқаи тоҷик Ҳуҷастаи Мирзовалӣ бо иҷрои сурудҳои тоҷикӣ ва асарҳои опера ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, табъи меҳмононро болида гардонид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим