Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Малайзия 11 марти соли 1992 барқарор гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия имкони густариш ёфтанро доро буда, ду кишвар омода ҳастанд уфуқҳои навро дар ин ҷода фатҳ кунанд. Дар ин робита дар моҳи июни соли 2012 ҷаноби Сри Лим Кок Винг бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси консули фахрӣ дар он кишвар таъйин гардид. Пояи шартномавию ҳуқуқии ду кишвари дӯст дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникию илмӣ амалӣ мегардад. Иқтисод. Дар Куала-Лумпур Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки ин омили рушди муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ мебошад. Дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳои техникии Малайзия (MTCP) мутахассисони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф ба Майлайзия даъват шуда, такмили ихтисос мекунанд. Маориф. Солҳои охир дар ш. Душанбе ва дигар маноти қи кишвар аз ҷониби Вазорати маорифи Малайзия ва ширкати “Exhibitions Promotion and Management Sdn.Bhd” (EXPAM) бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ва такмили ҳамкориҳо дар соҳаи маориф миёни ду кишвари дӯст, намоишгоҳҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Имрӯз дар макотиби олии Малайзия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.