I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби мазкур тибқи муқаррароти Конвенсияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961, Конвенсияи Вена дар бораи равобити консулӣ аз 24 апрели соли 1963, Конвенсия оид ба имтиёзҳо ва масуниятҳои СММ аз 13 феврали соли 1946, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, аккредитатсия ва судури кортҳои аккредитатсиониро аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ба ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо (минбаъд ҳайати намояндагӣ), аъзои оилаҳои онҳо, инчунин консулҳои фахрии кишварҳои хориҷӣ муайян менамояд.
2. Ҳайати намояндагиҳо, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шахсони ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷдипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷӣ, дар асоси тартиби аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, ба қайд гирифта мешаванд. Шахсоне, ки дар банди 15 номбар гардидаанд дар КВД “Тоҷдипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
3. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин мавриди истифода қарор гирифтаанд:
аккредитатсия - ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, инчунин консулҳои фахрии кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳаққи истифодабарӣ аз имтиёзҳо ва масуниятҳои муайяне, ки дар санадҳои байналмилалии ҳуқуқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда пешбинӣ гардидаанд.
ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ - роҳбари намояндагӣ, кормандони дипломатӣ, ҳайати маъмурӣ-техникӣ ва хидматрасонии намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ мувофиқи Конвентсияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961.
ҳайати муассисаҳои консулӣ - роҳбари муассисаи консулӣ, шахси мансабдори консулӣ, корманди консулӣ, ҳайати маъмурӣ-техникӣ ва хидматрасонии муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ мувофиқи Конвентсияи Вена дар бораи равобити консулӣ аз 24 апрели соли 1963.
ҳайати созмони байналмилалӣ - роҳбар ва кормандони созмонҳои байналмилалии универсалӣ ва минтақавӣ ва/ё намояндагиҳои онҳо, ки фаъолияти худро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии ҳуқуқии, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда анҷом медиҳанд, инчунин аъзои оилаи онҳо.
ходими хусусӣ дар манзил - шахси иҷрокунандаи вазифаҳои хидматгор дар манзили корманди намояндагии кишвари хориҷӣ, ки шаҳрванди кишвари аккредитатсиякунанда намебошад.
аъзои оила - шавҳар/ҳамсар, падару модар, ки дар парастории корманд қарор доранд, фарзандони ноболиғ, фарзандони маъюби, ки ба балоғат расидаанд таҳти, парасторӣ қарордошта, инчунин фарзандони болиғи то 23-сола, ки дар муассисаҳои таълимии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, фарзандхоншудагон (усули муомила ба мисл).
II. ТАРТИБИ АККРЕДИТАТСИЯ ВА СУДУРИ КОРТҲОИ АККРЕДИТАТСИОНӢ
4. Барои аккредитатсия дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагӣ зарур аст, ки дар муддати ҳафт рӯзи корӣ пас аз ворид шудани ҳайати намояндагӣ (корманд) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
а) ёддошти расмӣ/нома бо дарҷи маълумот дар бораи ҳайати аккредитатсияшаванда (вазифаи ишғолнамуда, доираи уҳдадориҳо, муҳлати кории пешбинишуда, рутба (барои ҳайати дипломатӣ) ва инчунин маълумот дар бораи ба ҷойи кӣ таъйин шудани корманди аккредитатсияшаванда;
б) пурсишнома (анкета)-и навъи муқарраршуда (дар шакли электронӣ пуркардашуда) дар ду нусха бо имзои шахси дархосткунанда, роҳбари намояндагӣ ва бо муҳри намояндагӣ, ду адад сурати чопии рангаи андозаи 3х4 см, ки дар он рӯй 70-80 % аксро ишғол намояд ва мӯҳлати нигоҳдории он на кам аз як солро дар бар гирад. (замимаи №1);
в) сурати рангаи андозаи 3х4 см. дар шакли электронии формати JPEG дар СD;
г) ду нусхаи шиноснома, раводид, қайдҳои шиноснома оид ба ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо муҳри намояндагӣ тасдиқ шудаанд;
д) дар сурати гуногун будани насаби ҳамсарон ва дарҷ нашудани дараҷаи хешу таборӣ дар шиноснома, зарур аст, ки тибқи тартиби муайянгардида нусхаи тасдиқшудаи шаҳодатномаи ақди никоҳ бо тарҷумаи забони тоҷикӣ пешниҳод гардад. Агар ҳайати намояндагӣ бо аъзои оила дар никоҳи ғайрирасмӣ қарор дошта бошанд, он бояд тибқи тартиб тасдиқ гардида бошад ва бо қонунгузории кишвари фиристанда мухолифат накунад;
е) нусхаи санади ҳуқуқии байналмилалие эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он масуниятҳо ва имтиёзҳои барои кормандони созмонҳои байналмилалӣ муайяншуда пешбинӣ гардидаанд, ё нусхаи тавофуқномаи байналмилалии дахлдор оид ба шартҳои будубош ва фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
ё) барои консулҳои фахрии кишварҳои хориҷӣ – нусхаи иҷозатномаи консулӣ (патент) ва ҳуҷҷати эътирофи консули фахрӣ аз ҷониби кишвари пазиранда (экзекватура).
5. Баррасии ҳуҷҷатҳои дар банди 4-и Низомномаи мазкур дарҷгардида ва судури кортҳои аккредитатсионии навъи мувофиқ дар муддати то 15 рӯзи корӣ анҷом дода мешавад. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ин муҳлатро дар асоси усулҳои байналмилалии муомила ба мисл муқаррар намояд.
6. Дар ҳолати нопурра пешниҳод намудани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, нокифоя будани маълумоти зарурӣ дар ёддошт намояндагӣ оид ба дархости аккредитатсия, инчунин пурра хонапурӣ накардани пурсишномаи навъи муқарраршуда дархост барои аккредитатсия баррасӣ карда намешавад. Дар сурати саривақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои мазкур ёддошт рад карда мешавад.
7. Аккредитатсияи аъзои оилаҳои ҳайати намояндагӣ аз рӯи тартиб ва ҳамон асосе, ки барои ҳайати намояндагӣ анҷом дода мешавад, сурат мегирад.
8. Муҳлати эътибори шиносномаи шахсони аккредитатсияшаванда бояд на камтар аз 6 моҳ то ба итмом расидани муҳлати эътибори корти акккредитатсионӣ бошад.
9. Муҳлати баррасии ҳуҷҷатҳо дар бораи судури такрории корти аккредитатсионӣ дар ҳолати ба итмом расидани муҳлати эътибор, гум шудан ва ё дуздида шудани корт, баъд аз пешниҳод намудани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои лозимӣ мутобиқ ба банди 4-и Низомномаи мазкур амалӣ мегардад.
10. Тамдиди муҳлати кортҳои аккредитатсионӣ дар асоси ёддошт баъди бозпас супоридани кортҳои муҳлати эътиборашон ба итмомрасида, анҷом дода мешавад.
11. Ёддошт оид ба дархости тамдиди корти аккредитатсионӣ бояд на кам аз ду ҳафта пеш аз ба итмом расидани мӯҳлати он пешниҳод гардад. Дар сурати риоя нагардидани талаботи мазкур, дархост ҷиҳати тамдид метавонад рад карда шавад.
12. Корти аккредитатсионии ҳайати намояндагӣ, ки муҳлати фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтааст, инчунин корти муҳлати эътибораш ба итмомрасида, дар муддати 3 рӯзи корӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёддошт бо нишон додани сабаби бозпас гардонидани кортҳои аккредитатсионӣ (тамдид ё ба анҷом расидани муҳлати фаъолият), инчунин маълумот дар бораи хатсайре, ки корманд дар ҳолати анҷом ёфтани муҳлати фаъолияташ Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намудааст ё тарк мекунад.
13. Ҳангоми баррасии ҳуҷҷатҳо ва судури кортҳои аккредитатсионӣ, дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти усули мутақобила, аккредитатсияи на зиёда аз 3 нафар кормандони ҳайати намояндагии кишвари хориҷӣ, ба шумули роҳбари ҳайати намояндагӣ ва атташеи низомӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ надоранд (ғайримуқим), анҷом дода мешавад.
14. Бо назардошти усули мутақобила шумораи муайяни ҳайати намояндагӣ, ки миқдори онҳо дар асоси тавофуқҳои дуҷониба/машваратҳо ё тафоҳумномаҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳоди ваколатдори давлати таъйинкунанда/муаррифишаванда муайян гардидаанд, метавонанд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шаванд.
15. Кормандони муваққатии намояндагӣ (на кам аз 6 моҳ), инчунин ихтиёрон, таҷрибаомӯзон, коромӯзон, муаллимон, духтурон, низомиён, сохтмончиён новобаста аз навъи шиносномаи пешниҳодшуда дар Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия карда намешаванд.
16. Ба кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дорои мақоми дипломатӣ намебошанд, корти аккредитатсионӣ танҳо дар ҳолати дар асоси муқаррароти шартномаи байналмилалии дуҷониба танзимгардида судур мешавад.
17. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аккредитатсияи ҳайати намояндагиро бе баён кардани сабаби он рад намояд.
IV. НАВЪ ВА МУҲЛАТҲОИ КОРТҲОИ АККРЕДИТАТСИОНӢ
18. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарон ва ҳайати намояндагӣ тибқи вазифаҳои ишғолнамуда ва мувофиқ ба мақоми онҳо, ҳаҷми имтиёзҳо ва масуниятҳои барои онҳо муқарраргардида, ки дар санадҳои байналмилалии ҳуқуқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда муайян гардидаанд, инчунин ба аъзои оилаҳояшон корти аккредитатсионӣ медиҳад.
19. Кортҳои аккредитатсионӣ 5 навъ(категория) мебошанд:
«A» (намуна ва тафсилоти техникӣ дар замимаи №2);
«D» (намуна ва тафсилоти техникӣ дар замимаи №3);
«S» (намуна ва тафсилоти техникӣ дар замимаи №4);
«HC» (намуна ва тафсилоти техникӣ дар замимаи №5);
«O» (намуна ва тафсилоти техникӣ дар замимаи №6).
20. Корти аккредитатсионии навъи «A» ба роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ/сафирони фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ ба муҳлати то 3 сол дода мешавад.
21. Корти аккредитатсионии навъи «D» дар сурати доштани шиносномаи дипломатӣ ба зумраи шахсони зерин дода мешавад:
а) аъзои ҳайати дипломатии намояндагиҳои дипломатӣ;
б) атташеҳои низомӣ, баҳрӣ ва ҳарбӣ-ҳавоӣ;
в) роҳбарон ва шахсони соҳибмансаби муассисаҳои консулӣ;
г) роҳбарони созмонҳо/намояндагиҳои низоми СММ дар сурати доштани шиносномаи СММ (Laissez Passer);
д) роҳбарон ва кормандони созмонҳои байналмилалии универсалӣ ва минтақавӣ ва/ё намояндагиҳои онҳо, ки мақомашон ба шахсони дар зербанди «а»-и банди мазкур ишорашуда баробар карда шудааст;
е) аъзои оилаҳои шахсони дар зербандҳои «а», «б», «в», «г», «д»-и банди мазкур ишорашуда.
ё) дар сурати надоштани шиносномаи дипломатӣ корти навъи D дода намешавад
22.Корти аккредитатсионии навъи «D»:
а) ба муҳлати то 3 сол ба шахсони дар зербандҳои «а», «б», «в» ишорашуда ва аъзои оилаи онҳо;
б) ба муҳлати то 2 сол ба шахсони дар зербандҳои «г», «д» ишорашуда ва аъзои оилаи онҳо дода мешавад.
23. Корти аккредитатсионии навъи «S» ба муҳлати дар пурсишнома ишорашуда, аммо на зиёда аз 2 сол ба зумраи шахсони зерин дода мешавад:
а) ҳайати маъмурӣ-техникии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, инчунин аъзои оилаҳои онҳо дар ҳолати доштани шиносномаи дипломатӣ ё хидматӣ (ба он баробаркардашуда);
б) кормандони аслии созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои он, ки аз рӯи мақом ба шахсони дар зербанди «а»-и банди мазкур ишорагардида баробар карда шудаанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо;
в) кормандони доимии муассисаҳои низоми СММ дар сурати доштани шиносномаи СММ (Laissez Passer), инчунин аъзои оилаҳои онҳо.
24. Корти аккредитатсионии навъи «HC» ба муҳлати на зиёда аз 2 сол ба консулҳои фахрии кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси усули мутақобила бо кишварҳои муаррифшаванда дода мешавад. Ба аъзои оилаҳои консулҳои фахрӣ корти аккредитатсионӣ дода намешавад.
25. Корти аккредитатсионии навъи «О» ба муҳлати на зиёда аз 1 сол ба зумраи шахсони зерин дода мешавад:
а) аъзои ҳайати маъмурӣ-техникӣ ва ҳайати хидматрасонии намояндагӣ, инчунин аъзои оилаҳои онҳо, дар сурате ки ба шахсони дар зербанди «а»-и банди 23 ин Низомнома ишорашуда таалуқ надошта бошанд;
б) кормандони аслии созмонҳои байналмилалӣ, дар сурате ки ба шахсони дар зербанди «б»-и банди 23 ин Низомнома ишорашуда тааллуқ надошта бошанд;
в) ходимони хусусӣ дар манзил, ки хидматрасонии роҳбарон ва аъзои ҳайати намояндагиро анҷом медиҳанд.
26. Дар сурате, ки намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, атташеҳои низомӣ баҳрӣ ва ҳарбӣ-ҳавоии кишварҳои хориҷӣ уҳдадориҳои хидматии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иқомати доимӣ доштан дар кишвари дигар анҷом медиҳанд, кортҳои аккредитатсионии навъҳои «А» ва «D» ба роҳбар ва аъзои ҳайати дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, атташеҳои низомӣ, баҳрӣ ва ҳарбӣ-ҳавоӣ, инчунин аъзои оилаҳои онҳо бо тартиби муқарраргадида ва дар асосҳои дар ин Низомнома ба онҳо ишорашуда, дода мешаванд.
27. Корти аккредитатсионӣ, ки дар банди 19 ишорашуда ба муҳлати на кам аз 3 моҳ дода мешавад
V. ИМТИЁЗҲО ВА МАСУНИЯТҲО
28. Шахсони зерин аз истифодаи масуниятҳо ва имтиёзҳое, ки дар санадҳои байналмилалии ҳуқуқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда пешбинӣ шудаанд, қабл аз аккредитатсияи онҳо дар Вазорати корҳои хориҷӣ бархӯрдор мебошанд:
а) сафирони фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ – аз лаҳзаи убури сарҳад ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) кордорон – аз лаҳзаи ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани номаи роҳбари Вазорати корҳои хориҷии кишвари таъйинкунанда оид ба таъйини кордор;
в) роҳбарони муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ – аз лаҳзаи ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани иҷозатнома (патент).
29. Дорандагони кортҳои аккредитатсионии навъҳои «А» ва «D» шахсони дар зербандҳои «а», «б», «г», «д»-и банди 21 Тартиби мазкур ишорашуда ва аъзои оилаи онҳо аз имтиёзҳо ва масуниятҳои дар моддаҳои 29-36 Конвентсияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 ва санадҳои байналмилалии ҳуқуқии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида пешбинӣ шудаанд, бархӯрдор мебошанд, инчунин шахсони дар зербанди «в»-и банди 21 Низомнома мазкур ишорашуда ва аъзои оилаи онҳо аз имтиёзҳо ва масуниятҳои дар моддаҳои 40, 41, 43, 44, 46-52-и Конвентсияи Вена дар бораи равобити консулӣ аз 24 апрели 1963 пешбинишуда мутаносибан бархӯрдор мебошанд.
30. Дорандагони кортҳои аккредитатсионии навъи «S», ки дар зербандҳои «а» ва «б»-и банди 23 дарҷ гардидаанд, аз имтиёзҳо ва масуниятҳои дар банди 2 моддаи 37 Конвентсияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 пешбинишуда бархӯрдор мебошанд ва шахсони дар зербанди «в»-и банди 23 дарҷгардида аз имтиёзҳо ва масуниятҳои барои ин қабил шахсон дар Конвентсия дар бораи имтиёзҳо ва масуниятҳои Созмони Милали Муттаҳид аз 13 феврали соли 1946 ва Конвентсия дар бораи имтиёзҳо ва масуниятҳо барои муассисаҳои тахассусии СММ аз 21 ноябри соли 1947 муқарраргардида, бархӯрдор мебошанд.
31. Дорандагони кортҳои аккредитатсионии навъи «HC», ки дар банди 24 дарҷ гардидаанд, аз имтиёзҳо ва масуниятҳои дар банди 2-и моддаи 58 Конветсияи Вена дар бораи равобити консулӣ аз 24 апрели соли 1963 пешбинишуда, бархӯрдор мебошанд. Имтиёзҳо ва масуниятҳои зикршуда онҳоро аз масъулияти амалҳое, ки берун аз доираи уҳдадориҳояшон содир мекунанд, озод намекунад ва онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амалҳо ҷавобгӯ мебошанд.
32. Дорандагони кортҳои аккредитатсионии навъи «O» аз имтиёзҳои дар асоси тавофуқномаҳои баимзорасида байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, бархӯрдор мебошанд.
VI. УҲДАДОРИҲОИ НАМОЯНДАГӢ ВА СОҲИБОНИ КОРТҲОИ АККРЕДИТАТСИОНӢ
33. Намояндагиҳо ҳар сол ду маротиба (моҳи декабр ва моҳи июн) ба Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати кормандони намояндагӣ, аз ҷумла рӯйхати шахсонро аз ҷумлаи шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки дар намояндагиҳо фаъолият мекунанд, ирсол менамоянд (тибқи замимаи №7).
34. Намояндагиҳо уҳдадоранд маълумоти зеринро ба таври фаврӣ ба Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд:
а) маълумот оид ба тағйирот дар ҳайати кормандон, таъйинот ва расидани онҳо, ба итмом расидани муҳлати фаъолият ва бозгашти ниҳоӣ;
б) маълумот оид ба тағйири маҳалли зисти корманди аккредитатсияшуда;
в) маълумот оид ба тағйири рақамҳои телефони хидматӣ ва манзилии намояндагӣ, кормандон ва роҳбарони онҳо;
г) маълумот оид ба расидан ба кишвар, бозгашти ниҳоии аъзои оилаҳо ва ходимони хусусӣ дар манзили кормандони худ;
д) маълумот оид ба қатъи робитаҳои хешутабории шахсоне, ки қаблан ба сифати аъзои оилаи корманд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шуда буданд;
е) маълумот оид ба гум шудани корти аккредитатсионӣ бо замимаи тасдиқи хаттии муроҷиати корманд ба ниҳодҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гум кардани корт.
35. Дорои корти аккредитатсионӣ новобаста аз мақом дар кишвари иқомат уҳдадор аст:
а) қонун ва қоидаҳои кишвари иқоматро эҳтиром ва риоя намояд;
б) ба корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат накунад;
в) фарҳанг, анъана, урфу одат ва тарзи зиндагии халқҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд эҳтиром намуда, нисбат ба ягон миллат ва эътиқоди мазҳабӣ таҳаммулнопазирӣ зоҳир накунад;
г) корти аккредитатсионии содиршударо эҳтиёткорона истифода намояд;
д) дар сурати ба таври ниҳоӣ тарк намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё сабукдӯш шудан аз вазифа, новобаста аз муҳлати эътибор корти аккредитатсиониро ба Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонад.