12 апрели соли 2017 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Ҷумҳурии Ангола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар шаҳри Москва) Жоаким Аугусто де Лемушро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Анголаро дар арсаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва илму маориф баррасӣ карданд.
Ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкории ҷонибҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.