Ташрифи ҳайатҳои хориҷӣ (29 майи - 06 июни соли 2017)

29.05.2017 15:20

29 майи – 2 июни соли 2017 – ташрифи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Хелсинки) ҷаноби Никлас Линдквист.

29 – 31 майи соли 2017 – ташрифи муовини Вазири роҳи оҳани Туркманистон ҷаноби Бегенч Гелдиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

30 – 31 май соли 2017 – ташрифи ҳайати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

30 май – 1 июни соли 2017 – ташрифи ҳайатҳои Маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои ИДМ – Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ӯзбекистон, инчунин намояндагони мақомоти ҳамкориҳои оинномавӣ ва соҳавии ИДМ.

3-6 июни соли 2017 – ташрифи сафирони Фавқулода ва Мухтори Чехия, Лаҳистон, Словакия, Латвия ва Маҷористон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Тошканд) ба вилояти Суғд барои иштирок дар фестивали филмҳои кишварҳои “Чоргонаи Вишеград”.

Нигористон

Тақвим