Ташрифи ҳайатҳои хориҷӣ (1-7 июли соли 2017)

04.07.2017 11:00

1-3 июли соли 2017 – ташрифи сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш. Тошканд) ҷаноби Эдгарс Бондарс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5-6 июли соли 2017 – сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Муҳаммад Навоз Шариф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5-7 июли соли 2017 – ташрифи ҳайатҳои хадамотҳои байтории кишварҳои аъзои ИДМ - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Молдова ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳои байторӣ.

6 июли соли 2017 – сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаноби Жээнбеков Сооронбай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори лоиҳаи CASA – 1000.

Нигористон

Тақвим