10 июли соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Роҳбари минтақавии Дафтари UNICEF барои кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хонум Афшан Ханро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҷории ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва UNICEF мавриди муҳокима қарор гирифта, ба татбиқи Барномаи нави кишварии UNICEF барои солҳои 2016-2020 дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар анҷоми суҳбат тарафҳо нисбат ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи ҳадафҳои муайяншуда изҳори омодагӣ намуданд.