Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҳиндустон

01.03.2013 10:10

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон 28 августи соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст.Соли 1993 аввалин Сафири он кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқими Теҳрон таъйин гардид.

Соли 1994 Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт. Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ҷаноби Аситҳ Кумар Бҳаттачарҷӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати худро дар Деҳлӣ соли 2003 ифтитоҳ намуд. 

То ба имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон се маротиба - солҳои 1993, 1995, 2001 сафари расмӣ ва ду маротиба солҳои 2006 ва 2012 сафари давлатӣ анҷом додааст. Зимни ин сафарҳо якчанд созишномаву санадҳо дар бахшҳои гуногуни хамкорӣ, аз ҷумла иктисод ва тиҷорат, тиб (дорусозӣ), тандурустӣ, кишоварзӣ, варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг, маориф ва илму технология ба имзо расидаанд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаи минбаъда манфиатбахш мебошанд.

Соли 2003 Сарвазири Ҳиндустон Атал Бихари Ваҷпайи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Бо иштироки меҳмони олиқадр дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи боғ ва пайкараи Маҳатма Гандӣ баргузор шуд.

Бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Девисингх Патил аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди расмӣ ба амал овард.

Дар айни замон муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро 50 ҳуҷҷати дуҷонибаи байнидавлатӣ ба танзим медарорад.

Лозим ба ёдоварист, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон рӯ ба пешравӣ ниҳода истодааст. Дар соли 2012 хаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар ба 27,5 млн. доллари ШМА баробар шуд ва дар ҳашт моҳи аввали соли 2013 ин нишондод ба 29 млн. 842, 7 ҳазор доллари ШМА расид.

Барои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Чумҳурии Ҳиндустон курсҳои мухталиф дар чаҳорчӯбаи барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC) ва шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) дар он кишвар гузаронида мешаванд.

 

РКОА

9.10.2013

Нигористон

Тақвим