Муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон

31.01.2024 10:16

Муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи 1992 барқарор шуд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон 18 июли 1995 ифтитоҳ гардид.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода (апрели 2019) ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён (августи 2023) таъйин шудаанд.

Дар тӯли 31 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои 1995, 1996, 1997, 1998, 2000, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2010, 2011, 2013, 2022 ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1997, 2000, 2002, 2004, 2006, 2008, 2010, 2011, 2012, 2014, 2019, 2021, 2023 сафар намудаанд. 

Сафарҳои Вазири корҳои хориҷии Эрон ба Душанбе солҳои 1991, 1996, 1997, 1999, 2000, 2001, 2002, 2008, 2013, 2017, 2018 ва сафарҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон солҳои 1992, 1994, 2008, 2014, 2019, 2021 баргузор гардидаанд.  

Байни ду кишвар ҳудуди беш аз 200 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ  нақши муҳим дорад ва то имрӯз 15 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.

Дар соли 2022 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Эрон наздики 240 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин маблағ тақрибан 115 миллион доллар содирот ва 124 миллион доллар воридот мебошад.

То ба имрӯз панҷ даври машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ва Теҳрон доир шуда, нишасти охирин дар таърихи 11 майи 2022 дар Душанбе баргузор гардид.

19 октябри соли 2023 дар Душанбе нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардид. Дар нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва маориф мубодилаи афкор сурат гирифта, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию меросии муштарак мебошанд.

Робитаҳои фарҳангиву маърифатӣ омили муҳимми тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳисоб мераванд. Дар ин росто, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таърихи 3-9 октябри соли 2022 баргузор гардид. Ҳамчунин, аз 30 октябр то 6 ноябри соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтари Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Ноябр, 2023

Нигористон

Тақвим