28 декабри соли 2017 дар ш.Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Зимбабве баргузор гардид.
Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Ҷумҳурии Зимбабве Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Фредерик Мусиива Макамуре Шава ба имзо расониданд.