Мулоқот бо Директори Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария ва фиристодаи махсус оид ба масъалаҳои оби Швейтсария ва мушовири минтақавии Агентӣ оид ба рушд ва ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ

17.02.2018 11:09

16 феврали соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Директори Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон хонум Валбурга Рос, фиристодаи махсуси Конфедератсияи Швейтсария оид ба масъалаҳои об ҷаноби Мишел Мордазини ва мушовири минтақавии Агентӣ оид ба рушд ва ҳамкориҳо ҷаноби Андре Верлиро ба ҳузур пазируфт.

Дар чараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин чорабиниҳоеро, ки дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” доир мегарданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мулоқот бо Директори Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария ва фиристодаи махсус оид ба масъалаҳои оби Швейтсария ва мушовири минтақавии Агентӣ оид ба рушд ва ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ

Нигористон

Тақвим