Муносибатҳои Тоҷикистон бо Австралия

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Австралия 26 декабри соли 1991 барқарор шуданд. Сафорати Австралия дар Тоҷикистон бо иқомат дар Москва мебошад. Иқтисод ва тиҷорат Ҳаҷми мубодилаи тиҷорати дуҷониба дар соли 2012 ба 1760,6 ҳазор доллари ИМА расид. Ширкати австралиягии «Сантос» аз соли 2008 дар Тоҷикистон фаъолият бурда, корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ барои кашфи конҳои нафту газ дар вилояти Суғд анҷом дода истодааст. Сафарҳои баландпоя Дар ҳошияи сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Зеландияи Нав, 10 июли соли 2013 сафари кории Вазир ба Австралия сурат гирифт. Зимни сафари мазкур мулоқоти Вазир бо Роҳбари Агентии давлатии Австралия оид ба савдо ва сармоягузорӣ “Аустрэйд” доир гардид. Агентии мазкур ҷиҳати бунёди равобити тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо шарикони тиҷоратӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат менамояд. Дар доираи сафари корӣ 10 июли соли 2013 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири савдо ва иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Австралия Ричард Марлс баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим