Муносибатҳои Тоҷикистон бо Зеландияи Нав

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зеландияи Нав моҳи августи соли 1992 барқарор шуданд. Сафорати Зеландияи Нав дар Тоҷикистон бо иқомат дар Москва мебошад. Пояи шартномавиву-ҳуқуқӣ Баёнияи муштарак, ки дар он ҷонибҳо роҳҳои ҳамкориҳои минбаъдаро муайян намуданд, муносибатҳои ду кишварро танзим менамояд. Иқтисод ва тиҷорат Ҳаҷми табодули мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зеландияи Нав дар соли 2012 ба 55 ҳазор доллари ШМА расид. Сафарҳои баландпоя 8 ва 9 июли соли 2013 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он кишвар ба анҷом расид. Дар рафти сафари мазкур мулоқот бо роҳбарияти ташкилоти давлатии Зеландияи Нав оид ба дастгирии савдо ва соҳибкорӣ (NZTE), Фиристодаи махсуси Сарвазири Зеландияи Нав дар Осиёи Марказӣ Ҷеймс Болҷер ва Вазири корҳои хориҷии он кишвар Маррей Маккали баргузор гаштанд. 12-14 сентябри соли 2013 сафари Фиристодаи махсуси Сарвазири Зеландияи Нав дар Осиёи Марказӣ Ҷеймс Болҷер ба Тоҷикистон баргузор гашт. Дар рафти сафар мулоқотҳо бо Муовини Вазири корҳои хориҷӣ, Муовини Вазири мелиоратсия барпо гардиданд.

Нигористон

Тақвим