Ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам дар Покистон

09.04.2018 14:44

Дар таърихи 05-уми апрели соли 2018 аввалин бор дар таърихи Покистон ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам дар Вазорати корҳои хориҷии Покистон расман ҷашн гирифта шуд, ки он бо ибтикори сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Исломобод ба вуқӯъ пайваст.

Дар доираи ин ҷашни байналмилалии Наврӯзӣ Аҷам сафорати Тоҷикистон мизи идонаи бо ороишоти «Ҳатф син» ва хӯрокҳои миллӣ орост, ки аз он вазири корҳои хориҷии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф, дигар роҳбарияти вазорати корҳои хориҷӣ ва сафирҳои муқими Исломобод дидан намуданд.

Дар соли 2016 ЮНЕСКО бо қарори худ Покистонро ба рӯйхати кишварҳое, ки Наврӯз дар онҳо ҷашн гирифта мешавад, илова намуд ва он дар ин кишвар ба номи «Новроз» ва ё «Ҷашни баҳорон» маъмул аст.

Ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам дар Покистон

Нигористон

Тақвим