Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Бруней-Доруссалом 2 июни 2004 барқарор карда шудаанд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Бруней-Доруссалом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар Москва мебошад.
Аз 3 то 4 апрели 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Шоҳигарии Бруней Доруссалом қарор дошт. Дар натиҷа 4 санади заминагузори ҳамкории гуногунҷанба дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, ҳамкориҳои минбаъда ва бекор намудани талаботҳои раводид ба имзо расиданд.
8 декабри 2009 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи боздиди расмии худ аз кишвари Бруней бо иҷрокунандаи Вазири корхои хориҷӣ, Вазири рушди Бруней, Мудири идораи Агентии сармоягузорӣ, иҷрокунандаи вазифаи Мудири кулли Шӯрои рушди иқтисодӣ, бо Вазири саноат ва манобеи асосии Бруней Даруссалом, Вазири корҳои дохилӣ мулоқоту гуфтушунидхо анҷом дод.
Дар чаҳорчӯбаи Ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ 19-20 майи 2010 Вазири корҳои хориҷии Бруней Доруссалом ба ш. Душанбе ташриф овард. Дар рафти ҷаласаи мазкур ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.
29 майи 2019 дар ш. Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дуюмин Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Бруней Доруссалом вохурӣ кард.
Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро 4 санади дуҷониба ташкил медиҳад.
Ҳаҷми тиҷоратии дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бруней Доруссалом дар 2018 100 ҳаз. долл. ИМА ташкил дод.