Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели 1992 барқарор карда шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели 2015 ифтитоҳ ёфтааст ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Кордор 2008 ифтитоҳ ёфтааст. Ҳоло Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Шарифзода Юсуф Тоир ва Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Учол мебошанд.

Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 9 созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

24-25 майи 2005 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея ба анҷом расид. Дар рафти сафар мулоқотҳо бо роҳбарияти он кишвар ва боздидҳо аз корпоратсияҳои фаромилӣ баргузор гаштанд.

12-17  апрели 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об ба Ҷумҳурии Корея сафар кард.

15-17 июли 2019 бо даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Зимни он сафар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири Кореяро ба ҳузур пазируфт ва инчунин мулоқотҳои дуҷонибаи ӯ бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардиданд.

6-8 ноябри 2018, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба Ҷумҳурии Корея ҷиҳати ширкат дар Форуми байналмилалии “Kor-Asia Forum 2018” сафари корӣ анҷом дод. Дар чаҳорчӯби форуми мазкур мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея ҷаноби Ли Нак Ён баргузор гардид.

3-8 июли 2012 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Ҳ. Зарифӣ дар кори шашумин Форуми ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ дар Сеул иштирок намуд.

3-5 октябри 2013, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Н. Зоҳидӣ дар кори Форуми 7-уми ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзид.

Ҷаласаи сеюми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ 24-26 июни 2019 дар Сеул баргузор гардид.

Баҳри таҳкими муносибатҳои Ҷумҳурии Корея бо минтақаи Осиёи Марказӣ “Форуми ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ” аз 2007 фаъолият мекунад, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея аҳамияти зиёд дорад. Ҳамасола дар рафти Форуми мазкур мавзӯъҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ мегарданд.

Намояндаи доимии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели 2017 ин ҷониб дар Ҷумҳурии Корея фаъолият мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои мухталифи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIСА) иштирок мекунад.

Гардиши мол байни ду кишвар дар 2018 беш аз 27,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Нигористон

Тақвим