Ташрифи ҳайатҳои хориҷӣ 15-21 сентябри соли 2018

12.09.2018 17:03

15-17 сентябри соли 2018 – ташрифи ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Директори генералии Агентии миллии “Ӯзбеккино” ҷаноби Фурқат Зокиров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

16-18 сентябри соли 2018 – ташрифи сафири Фавқулодда ва Мухтори Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар                      ш. Тошканд) ҷаноби  Эдуард Шапира  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

17-18 сентябри соли 2018 – ташрифи  ҳайатҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони адлияи ИДМ.

18-19 сентябри соли 2018 – ташрифи ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Чиндао ҷаноби Мэн Фанли ба Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

19 сентябри соли 2018 – ташрифи  ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  иштирок дар ҷаласаи вазирони масъули иқтисод ва савдои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ.

19-21 сентябри соли 2018 – ташрифи прокуророни генералӣ барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии ИДМ ва нишасти 16-уми прокуророни генералии давлатҳои аъзои СҲШ.

Нигористон

Тақвим