Кордори Сафорат зимни шодбоши ҳозирин бо ҷашни байналмилалии Наврӯз роҷеъ ба сиёсати фарҳангии кишвар дар даврони Истиқлолият таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, аз рӯйдодҳои фарҳангӣ, таҷлили санаҳои бузурги фарҳангӣ, эҳёи сунатҳои милливу ҳунарҳои мардумӣ ва ба таври хосса аз шукӯҳу шаҳомат ва ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ҳарф зад.
Дар идома чанд нафар аз ҳамватанон ҳозиринро табрику таҳният гуфта, дар васфи Наврӯз шеърҳо хонданд. Ҳамчунин дастаи ҳунарии “Данг-данг кӯбонӣ”-и ш.Теҳрон бо таронаву оҳангҳои марғуби тоҷикию эронӣ ба маҳфил ҳусну таровати тоза зам карданд.
Гӯшаи бинои Сафорат бо сабки вежа ороиш ёфта, дар он намунаи либос, асбобҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои дастии миллӣ, инчунин, китобҳо дар бораи Тоҷикистон, таъриху фарҳанг ва маводи ҷолиби диққат ба намоиш гузошта шуда буд.