Вохӯрӣ дар Мактаби байналмилалӣ оид ба идоракунии давлатии Кингс коллеҷи Лондон

01.04.2019 17:49

Дар таърихи 15 марти соли 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода бо Раиси иҷроия, Александр Даунер ва доктор Аннетт Прандзиох – роҳбари бахши робитаҳои хориҷӣ ва рушди ҳамкориҳои Мактаби байналмилалӣ оид ба идоракунии давлатии Кингс коллеҷи Лондон баргузор гардид.

Зимни мулоқот миёни ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба созмон додани ҳамкориҳоро дар самтҳои ташкили курсҳои такмили ихтисос барои рушд ва тақвияти малакаи хизматчиёни давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯҳои сиёсӣ, татбиқи сиёсати хориҷӣ, ҳукумати электрoинӣ ва ғайра муҳокима гардиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби Сафорат китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хазинаи китобхонаи Мактаби байналмилалӣ оид ба идоракунии давлатии Кингс коллеҷи Лондони Британияи Кабир тақдим гардиданд.   

Мактаби байналмилалӣ оид ба идоракунии давлатӣ яке аз муассисаи таълимии бонуфӯзи Кингс коллеҷи Лондони Британияи Кабир ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро барои омӯзиш ва рушди касбии химзатчиёни давлатӣ равона намудааст. Боиси ёдоварист, ки Кингс коллеҷи Лондон ба рӯйхати 25 донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон дохил мегардад.

DSC-1855.JPG

Нигористон

Тақвим