19 март Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Вазири давлатии мамлакат доир ба корҳои хориҷӣ Одил ибни Аҳмад Ал-Ҷубайр мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ роҳҳои вусъати ҳамкории дуҷониба ва тақвияти заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии муносиботи ду кишвар баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба дастгирии ҳамдигарии ду кишвар дар масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар мубориза бо терроризму экстремизм зоҳир гардид.