21 марти соли 2019 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки шаҳрвандони тоҷики муқими Бишкек, намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд.
Дар назди меҳмонони ҷамъомада бо сухани табрикӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода баромад карда қайд намуд, ки Иди қадимаи Наврӯз мутобиқи қатъномаи СММ Иди байналмилалӣ эълон гардида, ҳар сол 21 март дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин рӯз донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимии олии гуногуни Қирғизиситон таҳсил менамоянд, барои ҷамъомадагон барномаи ҳунарии худро нишон доданд.
Инчунин Сафорати Тоҷикистон дар намоиши хайриявии дипломатӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ташкил гардида буд иштирок намуд. Дар доираи чорабинӣ ба ҳозирин таомҳои милливу ширинӣ ва намунаи ҳунарҳои мардуми тоҷик пешкаш карда шуданд.