Ҷашни Наврӯз дар Пекин

24.03.2019 08:41

Тоҷикистон дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз-2019, ки  22 марти соли 2019 дар шаҳри Пекин баргузор шуд, дар сатҳи шоиста иштирок намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода ҳангоми суханронӣ дар чорабинии ботантана, ки аз ҷониби Котиботи СҲШ, Ҷамъияти мардумии дӯстии Чин бо кишварҳои хориҷа, сафоратҳои давлатҳои аъзо, нозир ва шарики мусоҳибавии СҲШ ташкил карда шуд, қайд намуд, ки: “Наврӯз яке аз ҷузъҳои муҳими “Шоҳроҳи абрешим” ба ҳисоб рафта, бешубҳа барои таъмиқи дониш дар бораи якдигар ва табодули фарҳангии мардумони мо мусоидат мекунад. Наврӯз омили вусъатдиҳандае мебошад, ки робитаҳои бисёрҷонибаи миёни мардумонро таҳким ва тавсеа мебахшад”.

Қобили қайд аст, ки дар рафти чорабинӣ намоиши расму ойини мардумии тоҷикон, бунёди гӯшаи “Ҳафт сину ҳафт шин”, намоиши аксҳои “манзараи баҳори Тоҷикистон” ва дастурхони пурнозу неъмати тоҷикона дар барномаи умумии ҷашн пурғановат ва шавқовар буда, соҳибистеъдодҳои ҷавон диққати тамошобинони чинӣ ва дигар меҳмонони хориҷиро бо рақсҳои ҷозиби тоҷикӣ ва сурудҳои хушнавои баҳоронаи Тоҷикистон ба худ ҷалб мекарданд.

Ҳозиринро ҳамчунин Раиси Ҷамъияти мардумии дӯстии Чин бо кишварҳои хориҷа Ли Сяолин, Котиби генералии СҲШ Владимир Норов ва роҳбарони дигар намояндагиҳои дипломатии кишварҳои “Оилаи СҲШ” бо ин ҷашн табрик намуданд.

Pekin.jpg

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим