Ҷашни Наврӯз дар Лондон

25.03.2019 19:14

Рӯзи 23 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Сафорат барои шаҳрвандон ва ҳамватанони муқими Британияи Кабир дар яке аз меҳмонхонаҳои бонуфузи шаҳри Лондон, “Royal Garden Hotel” чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур тақрибан 250 нафар шаҳравандон ва ҳамватанони муқими Британияи Кабир ва дигар меҳмонони фахрии Сафорат ширкат варзиданд.  

Дар ифтитоҳи чорбаинии мазкур Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Масуд Халифазода суханронӣ карда, аҳли нишастро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику муборакбод намуд.

Таҷлили Наврӯз бо ороиши дастархони идона ба «Ҳафтсин »-у «Ҳафтшин»  ва пешниҳоди таомҳои миллӣ ба иштироккунандагон хотирмон сурат гирифт.

london-2.jpg

london.jpg

london-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим