Дар таърихи 25 марти соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар қароргоҳи он ниҳод нахустин шоми фарҳангӣ таҳти унвони “Tajik evening: Film, discussion and live music” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, зиёда аз 350 нафар иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони сохторҳои давлатии кишвар иқомат, ҳайати дипломатии муқими Британияи Кабир, ташкилотҳои байналмилаллӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, доираҳои илмию фарҳангӣ, ҳамватанони муқими шаҳри Лондон ширкат варзиданд.
Зимни шоми фарҳангӣ, филми коргардони ҷавони тоҷик Аниса Сабирӣ “Нолаи Танбур” ва иҷрои оҳангҳои тоҷикӣ бо истифода аз асбобҳои миллии мусиқӣ ба ҳозирин намоиш дода шуд.