Шоми фарҳангии “Навои Наврӯз” дар шаҳри Париж

27.03.2019 14:58

26 марти соли 2019 дар шаҳри Париж бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ва дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти фарҳангии тоҷикони муқими Фаронса “Равзана” шоми фарҳангӣ зери унвони “Навои Наврӯз” ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон – Абдувалӣ Абдурашидов, танбурнавози шинохтаи Тоҷикистон, директори Академияи “Шашмақом”-и Тоҷикистон ва Озодахон Ашӯрова, мақомсаройи маъруфи Тоҷикистон, баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои Фаронса, ҳайати дипломатии кишвари иқомат, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар ифтитоҳи шоми фарҳангӣ Сафири Тоҷикистон дар Фаронса  Ҷамолиддин Убайдулло бо сухани шодбошӣ аҳли толорро бо фарорасии ҷашни фархундапайи Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, бо ёдрасӣ аз таърих, мазмуну моҳият ва арзишҳои муқаддаси ин ҷашни ниёгон ба меҳмонони маҳфил шоми фораму гуворо таманно намуд.

Дар фазои идона аҳли толор ва ҳаводорони фарҳангу санъати волои тоҷик имкон доштанд, ки аз навои дилчаспи суруду таронаҳо ва рақси миллӣ бо як дунё нишоту фараҳ баҳра гиранд. 

IMG-0954.jpeg

IMG-0983.jpeg

IMG-0971.jpeg

 

Нигористон

Тақвим