Машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Швейтсария

29.03.2019 22:48

26 марти соли 2019 дар пойтахти Конфедератсияи Швейтсария шаҳри Берн машваратҳои навбатии сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Швейтсария баргузор гардиданд.

Дар рафти машваратҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамзамон ҳайатҳо ҳамкории давлатҳоро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва низоми Бреттон-Вудс муҳокима карданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.

PHOTO-2019-03-26-23-08-46.jpg

 

Нигористон

Тақвим