ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия
озод намудани Муҳаммадӣ М.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муҳаммадӣ Музаффар Мунаварзод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
10 апрели соли 2019
№1235