9 апрели соли 2019 Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ аз Донишгоҳи Давлатии Нахчивони Ҷумҳурии Озарбойҷон боздид намуда, бо роҳбарияту ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни он муассисаи таълимӣ вохӯрӣ анҷом дод.
Сафири Тоҷикистон дар назди ҷамъомадагон бо маърӯза дар бораи раванди мураккаби истиқрори сулҳ, субот ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва ташаккулу таҳкими пайвастаи давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии кишвар, дар бораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон, нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Ҳамчунин дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои гуногун маълумот дода шуд.