Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Қазоқистон

12.04.2019 18:04

Душанбе, 12 апрели соли 2019 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Зоҳир Озод Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Таҷибаев Аскар Ерликовичро ҷиҳати қабули нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат тамоюли мусбат касб намудани раванди густариши робитаҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла афзун гардидани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва тақвият ёфтани муколамаи сиёсӣ хоссатан қайд гардид.

Дар баробари ин таваҷҷуҳи тарафайн ба фаъолгардонии робитаҳои минбаъда ҷиҳати истифодаи васеи иқтидорҳои ҳамкорӣ бар асоси анъанаҳои дӯстии пойдор ва шарокати стратегии ду кишвар таъкид гардид.

Zokhid-Ozod.jpg

 

Нигористон

Тақвим