15 апрели 2019 дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд “Иттисол барои рушди устувор” дар Бухарест, Руминия Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ Петер Буриан мулоқот намуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуда, пиромуни Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ки интизор меравад моҳи июни соли ҷорӣ қабул гардад, мубодилаи афкор сурат гирифт.