Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор карда шудаанд.

Ҷумҳурии Корея намояндагии дипломатии худро бо роҳбарии Кордор дар пойтахти Тоҷикистон соли 2008 ифтитоҳ намуд. Аз соли 2011 Кордори намояндагӣҷаноби Ён Ҷон-ку мебошад.

Соли 2012 аввалин Сафири ғайримуқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо иқомат дар шаҳри Токиои Япония таъйин шудааст.

Баҳри таҳкими муносибатҳои Ҷумҳурии Корея бо минтақаи Осиёи Марказӣ “Форуми ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ” аз соли 2007 фаъолият мекунад, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея аҳамияти зиёд дорад. Ҳамасола дар рафти Форуми мазкур мавзӯъҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ мегарданд.

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ

Айни ҳол байни ду кишвар созишномаҳо дар соҳаҳои ҳимояи сармоя, андозбандии дукурата ва бекор намудани талаботҳои раводид ба имзо расидаанд.

Иқтисод ва тиҷорат

Ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар дар нимаи аввали соли 2013 ба 28 миллион 235 ҳазор доллари ШМА расид. Тоҷикистон ва Корея потенсиали зиёди истифоданабурда барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, гидроэнергетика, говпарварӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои мухталифи Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOIСА) иштирок мекунад.

Сафарҳои баландпоя

24-25 маи соли 2005 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея ба анҷом расид. Дар рафти сафар мулоқотҳо бо роҳбарияти он кишвар ва боздидҳо аз корпоратсияҳои SKC&C ва Samsung баргузор гаштанд.

3-8 июли соли 2012 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣҲ. Зарифӣ дар кори Форуми Шашумини ҳамкорӣ ва дар кори Форуми сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд.

Нигористон

Тақвим