Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ироқ

30.04.2019 18:56

30 апрели соли 2019 мулоқоти Сафири ғайримуқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ (бо қароргоҳ дар Кувайт) З. Зубайдзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Ҳазим ал-Юсуфӣ баргузор гардид.

Дар доираи мулоқот ҷонибҳо вобаста ба баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ироқ, ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи амният ва мубориза ба терроизм ва экстремизм, инчунин иштироки шахси мазкур дар Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои мутавшаккил”, ки 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули назар намуданд.

Сафир миннатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мусоидат дар баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи тоҷик аз қаламрави он кишвар ба Ватан таъкид намуд. Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ масъалаи бозпас гардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон иқдоми саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонд.

IROK.jpg

 

Нигористон

Тақвим