2 майи соли 2019 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ З. Саидзода бо ҳайатҳои ширкатҳои “Равзатайн” ва “Дарвозаи адолат”-и Ҷумҳурии Ироқ, ки дар баргардонидани 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон аз Ироқ ба Ватан саҳм доранд ва зимни интиқол то Душанбе онҳоро ҳамроҳӣ намуданд, доир гардид.
Дар доираи мулоқот бо ҳайатҳои ширкатҳои “Равзатайн” ва “Дарвозаи адолат”-и Ҷумҳурии Ироқ, барои мусоидати он ҷониб дар баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи тоҷик изҳори миннатдорӣ баён шуд.
Зимни вохурӣ дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи гардишгарӣ, ҷалби сайёҳони Ироқ ба Тоҷикистон, ҳамзамон ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати ба Ватан баргардонидани занони тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Ироқ қарор доранд, мавриди муҳокима қарор гирфт.