4 майи соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода нусхаи эътимодномаро ба Вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф супорид.
Дар рафти мулоқот роҷеъ ба сатҳи кунунии ҳамкориҳо ва дурнамои равобити дуҷониба табодули назар сурат гирифт.
Вазири умури хориҷаи Эрон сафири нави кишварро ба муносибати шурӯи фаъолият дар Теҳрон шодбош гуфта, ба ӯ комёбиҳо орзу намуд.