14 майи 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Ҳозим Аҳмад ал-Юсуфиро ба ҳузур пазируфт.
Вазири корҳои хориҷии кишвари мо миннатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мусоидат дар баргардондани шаҳрвандони ноболиғи тоҷик аз қаламрави он кишвар ба Ватан баён намуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо роҷеъ ба идомаи ҳамкориҳои амниятӣ миёни мақомоти марбутаи ду кишвар ҷиҳати баргардондани шаҳрвандони боқимондаи мо аз Ироқ ба Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногунро мавриди баррасӣ қарор доданд.