Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Cафири Канада

15.05.2019 19:08

15 майи 2019 дар Душанбе дар остонаи Конфронси  байналмилалии сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Канада дар Тоҷикистон Николя Бруссоро ба ҳузур пазируфт.  

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ  тиҷорат, маориф, фарҳанг ва мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд.

PS7A0574.jpg

 

Нигористон

Тақвим