17 майи 2019 дар Душанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Айдарбеков Чингиз мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои наздики ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари ҳамҷавору дӯстро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, нақлиёт, саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.