17-20 майи соли 2019 дар Бишкек ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сафири супоришҳои махсус, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Н. Ализода иштирок намуд.
Дар вохӯрӣ Тарафҳо масоили марбут ба омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, инчунин лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ-ро, ки 22 майи соли 2019 дар Бишкек баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви СҲШ Протокол ба имзо расид.